Saeco SM6580/10 - Manual de uso - Página 123

616
Тоҷикӣ
5
Полоро рӯяш ба поён тоб хурда ба зарф бо оби хунук ғутонед ва онро ҷунбонед/зер кунед (Расм
24).
6
Полоро ба ҷойи пайвасти поло дар обдон ба таври амудӣ ворид намоед. Онро ба қадри имкон то
сатҳи поён пахш кунед (Расм 25).
7
Обдонро бо оби тоза пур кунед ва онро ба дастгоҳи қаҳва ҷойгир намоед.
8
Пиёларо дар зери даҳанаи диҳиш ҷойгир кунед.
9
Тугмаи «Оғоз/ист»-ро пахш кунед, то раванди фаъолсозӣ оғоз карда шавад.
10
Оби гарм аз даҳана диҳиш ба муддати 1 дақиқа ҷараён мекунад.
11
Поло бомуваффақият фаъол карда шуд.
Иваз кардани полои обии «AquaClean» (5 дақиқа)
Баъди аз филтр гузаштани 95 литр об, филтр аз кор мемонад. Нишондиҳандаи ҳолати AquaClean то
0% коҳиш меёбад, то ба Шумо иваз кардани филтрро ёдрас кунад. То он даме, ки нишондиҳандаи
ҳолати AquaClean дар дисплей нишон дода мешавад, Шумо метавонед филтрро бидуни тоза кардани
мошин аз ғаш аввал иваз кунед. Агар Шумо филтри оби AquaClean-ро сари вақт иваз накунед, пас аз
чанд вақт нишондиҳандаи AquaClean хомӯш мешавад. Дар ин ҳолат шумо метавонед полои обиро
иваз кунед, аммо аввал шумо бояд дастгоҳи қаҳваро аз оҳаксанг тоза намоед.
Вақте ки нишондиҳандаи ҳолати AquaClean то 0% паст мешавад ё вақте ки мошин ба Шумо ёдрас
мекунад, ки филтри AquaClean иваз карда шавад:
1
филтри кӯҳнаи оби AquaClean-ро бароред.
2
филтри нав насб кунед ва онро тавре фаъол созед, ки дар боби "Фаъолсозии филтри оби
AquaClean (5 дақ.)" тавсиф шудааст.
Филтри оби AquaClean-ро на камтар аз 3 моҳ як маротиба иваз кунед, ҳатто агар мошин ҳанӯз
нишон надиҳад, ки иваз кардан лозим аст.
Ҷудокунӣ ва воридкунии гурӯҳи тайёркунии
қаҳва
Барои гирифтани дастурҳои видеоӣ оид ба ҷудокунӣ, воридкунӣ ва тозакунии гурӯҳи тайёркунии
қаҳва, ба сомонаи
www.saeco.com/care
гузаред.
Ҷудокунии гурӯҳи тайёркунии қаҳва аз дастгоҳ
1
Дастгоҳи қаҳваро хомӯш кунед.
2
Обдонро ҷудо кунед ва даричаи хизматиро кушоед (Расм 26).
3
Дастаки PUSH-ро пахш кунед (Расм 27) ва дастаки гурӯҳи тайёркунии қаҳваро кашед, то он аз
дастгоҳи қаҳва ҷудо карда шавад (Расм 28).
Вақте ки шумо гурӯҳи тайёркунии қаҳваро аз дастгоҳ ҷудо мекунед, мутмаин шавед, ки табақча
барои қатраҳо ва қуттии дурдаи қаҳваро холӣ намоед.
Аз нав ворид кардани гурӯҳи тайёркунии қаҳва
Пеш аз дубора ворид кардаин гурӯҳи тайёркунии қаҳва ба дастгоҳ, боварӣ ҳосил кунед, ки
ҷойгиршавии он дуруст аст.
1
Боварӣ ҳосил кунед, ки ҷойгиршавии гурӯҳи тайёркунии қаҳва дуруст аст. Тирчаи устувонаи зард
дар паҳлуи гурӯҳи тайёркунии қаҳва бояд нисбати тирчаи сиёҳ ва N (Расм 29) баробар бошад.
"Cargando la instrucción" significa que debes esperar hasta que el archivo se cargue y puedas leerlo en línea. Algunas instrucciones son muy grandes y el tiempo de carga depende de la velocidad de tu conexión a Internet.
Otros modelos de máquinas de café Saeco
-
Saeco Nina Plus cappucino
-
Saeco SM6480/00
-
Saeco SM6582/30
-
Saeco SM6585/00