Philips Saeco SM8780/00 - Manual de uso - Página 145

Philips Saeco SM8780/00

Máquina de café Philips Saeco SM8780/00 - Manual de uso, léela gratuitamente en línea en formato PDF. Esperamos que esto te ayude a resolver cualquier duda que puedas tener. Si tienes más preguntas, contáctanos a través del formulario de contacto.

Cargando la instrucción

725

Тоҷикӣ

1

Нишони «Вазъият»-ро пахш кунед ва то интихоби «Тозакунии гурӯҳи тайёркунии қаҳва» ҳаракат
кунед.

2

Барои тасдиқ кардани интихоб, нишони тасдиқиро пахш кунед ва пас дастурҳоро аз рӯи экран
иҷро намоед.

Молидани гурӯҳи тайёркунии қаҳва

Барои беҳтаркунии самаранокии дастгоҳ ва барои он, ки қисмҳои ҳаракатшаванда бемалол ҳаракат
карда шаванд, гурӯҳи тайёркунии қаҳваро ҳар 2 моҳ молед.

1

Ба пистони (қисми хокистарӣ) гурӯҳи тайёркунии қаҳва қабати тунуки равғанро молед (Расм 31).

2

Дар гирди дастаки (қисми хокистарӣ) қисми поёни гурӯҳи тайёркунии қаҳва қабати тунуки
равғанро молед (Расм 32).

3

Ба хатҳои равонакунанда дар ҳар ду тараф қабати тунуки равғанро молед (Расм 33).

Барномаҳои тозакунӣ барои капучинатори дохилӣ

Дастгоҳ нишон медиҳад, ки кадом вақт капучинатори дохилӣ бояд тоза карда шавад.

Барои тозакунии капучинатори дохилӣ дастгоҳ дорои се барнома мебошад:
-

«HygieSteam Shot»: ҳангоми тайёркунии нӯшокӣ дар асоси шир, дастгоҳи қаҳва тавассути
капучинатори дохилӣ буғро ҷараён мекунад, то онро зуд тоза кунад.

-

«HygieSteam»: дастгоҳи қаҳва низоми дохилии ширро пурра бо буғ тоза мекунад. Мутмаин шавед,
ки дарбаргирандаи HygieSteam ба таври дуруст васл карда шудааст (Расм 34) ва ба дастгоҳи қаҳва
пайваст шудааст (Расм 35). лӯлаи ширро ба гиркунандаи қубури шир (Расм 36) гузоред ва пас
дастурҳоро аз рӯи экран иҷро намоед.

-

«Deep Milk Clean»: Барои тоза кардани низоми дохилии шир, амали «Deep Milk Clean»-ро тавассути
тозакунандаи қунҷҳои низоми шири Philips иҷро намоед.

Тозакунии капучинатори дохилӣ дар зери ҷараёни об

1

Даричаи капучинатори дохилиро кушоед (Расм 37).

2

Капучинатори дохилиро ба поён кашида, ҷудо намоед (Расм 38).

3

Капучинатори дохилиро бо кашидани қисми поёни он аз қисми боло ҷудо намоед (Расм 39).

4

Ҳамаи қисмҳоро ҷудо кунед (Расм 40) ва дар зери ҷараёни об тоза намоед.

5

Капучинатори дохилиро аз нав васл кунед.

6

Барои аз нав ҷойгир кардани капучинатори дохилӣ, онро ба таври амудӣ рост кунед ва мутмаин
шавед, ки сӯрохҳои он бо ду қубури дастгоҳ баробаранд. Пас капучинатори дохилиро ба боло
ҳаракат кунед, то он дар ҷояш қулф карда шавад (Расм 1).

7

Сарпӯшро пӯшед.

Барои гирифтани дастурҳои ботафсили видеоӣ, ба сомонаи

www.saeco.com/care

гузаред.

Амали тозакунии оҳаксанг

Лутфан, танҳо аз воситаи Philips-и бар зидди оҳаксанг истифода баред. Ба ҳеҷ ваҷҳ аз воситаҳои бар
зидди оҳаксанг дар асоси кислотаи сулфат, кислотаи хлорид, кислотаи сулфамикӣ ё кислотаи сирко
(сирко) истифода набаред, зеро онҳо метавонанд гардиши обро дар дастгоҳи қаҳваи шумо вайрон
кунад ва оҳаксангро ба таври муносиб тоза накунад. Агар аз воситаи Philips-и бар зидди оҳаксанг
истифода набаред, кафолати шумо бекор карда мешавад. Агар дастгоҳро аз оҳаксанг тоза накунед,
кафолати шумо бекор карда мешавад. Шумо метавонед воситаи Philips-и бар зидди оҳаксангро аз
фурӯшандаи маҳаллӣ ё онлайн, ё аз марказҳои хизмартасонии расмӣ харида, ба даст оред.

"Cargando la instrucción" significa que debes esperar hasta que el archivo se cargue y puedas leerlo en línea. Algunas instrucciones son muy grandes y el tiempo de carga depende de la velocidad de tu conexión a Internet.

Otros modelos de máquinas de café Philips