Saeco SM8780/00 - Manual de instrucciones - Página 146

Saeco SM8780/00 Máquina de café – Manual de instrucciones en formato pdf, léalo en línea gratis. Esperamos que le ayude a resolver cualquier duda que pueda tener al utilizar el aparato.

Si aún tiene preguntas, escríbalas debajo del manual de instrucciones.

"Estamos cargando el manual" significa que debe esperar a que se cargue el archivo para poder leerlo en línea. Algunos manuales son muy pesados y el tiempo que tardan en aparecer depende de su velocidad de internet.
Página:
/ 207
Estamos cargando el manual
background image

726

Тоҷикӣ

1

Вақте ки дастгоҳ тозакунии оҳаксангро дархост мекунад, барои оғози амал, нишони   тасдиқиро
пахш кунед. Барои тоза кардани дастгоҳи қаҳва аз оҳаксанг бе дархости дастгоҳ, нишони
«Вазъият»-ро пахш кунед ва «Тозакунии оҳаксанг»-ро интихоб намоед.

2

табақи қатраҷамъкунӣ, зарфи қаҳваи майдашуда ва дарбаргирандаи (Расм 26) HygieSteam-ро ҷудо
кунед, онҳоро холӣ кунед ва ба ҷояш аз нав ҷойгир намоед.

3

зарфи обро ҷудо кунед ва онро холӣ намоед. Пас полои обии «AquaClean»-ро ҷудо кунед.

4

Ба зарфи об тамоми зарфи воситаи Philips-и бар зидди оҳаксангро резед ва бо об то дараҷаи CALC
CLEAN (Тозакунии оҳаксанг) пур намоед (Расм 41). Пас зарфи обро ба дастгоҳи қаҳва ҷойгир кунед.

5

Қуттии калонро (1,5 l) дар зери даҳанаи диҳиши қаҳва ҷойгир кунед.

6

Мутмаин шавед, ки дарбаргирандаи HygieSteam ба таври дуруст васл карда шудааст (Расм 34) ва
ба дастгоҳи қаҳва пайваст шудааст (Расм 35). лӯлаи ширро ба гиркунандаи лӯлаи шир xҷойгир
намоед.

7

Барои оғоз кардани амали тозакунии оҳаксанг, дастурҳоро аз рӯи экран иҷро намоед. Раванди
тозакунии оҳаксагн 30 дақиқа идома меёбад ва аз давраи тозакунии оҳаксанг ва давраи тозакунӣ
бо об иборат аст.

8

Пас аз анҷоми амали тозакунии оҳаксанг, шумо бояд зарфи об ва қунҷҳои диҳиши обро обгардон
кунед. Дастурҳои экранро риоя намоед.

9

Полои обии «AquaClean»-и навро дар зарфи об ҷойгир карда, онро фаъол созед ('Фаъолсозии
полои обии «AquaClean» (5 дақиқа)'-ро бинед).
Маслиҳат: Истифодаи полои обии «AquaClean» ниёзи тозакунии оҳаксангеро кам мекунад!

Чӣ бояд кард, агар раванди тозакунии оҳаксанг қатъ шуда
бошад

Бо пахшкунии нишони фаъолкунӣ/хомӯшкунӣ дар лавҳаи идоракунӣ, шумо метавонед аз раванди
тозакунии оҳаксанг бароед. Агар раванди тозакунии оҳаксанг то анҷоми пурра қатъ шуда бошад,
моеи тозакунандаи оҳаксанг метавонад дар зарфи об ё кунҷҳои диҳиши об боқӣ монад. Дар ин
ҳолат, амалҳои зеринро иҷро намоед:

1

Обдонро холӣ карда, бодиққат обгардон кунед.

2

зарфи обро бо оби тоза то нишондиҳандаи CALC CLEAN пур намоед ва дастгоҳи қаҳваро аз нав
фаъол кунед. Дастгоҳ гарм мешавад ва давраи шустани худкорро иҷро менамояд. 

3

Пеш аз тайёркунии ягон нӯшокӣ, шустани дастгоҳи қаҳваро ба таври дастӣ иҷро намоед. Барои
иҷро кардани обгардонкунӣ ба таври дастӣ, аввал ними зарфи обро бо оби гарм пур намоед, пас
аз ин 2 пиёлаи нӯшокиро аз қаҳваи қаблан майдашуда тайёр кунед, аммо худи қаҳваи қаблан
майдашударо илова накунед.

Тавзеҳ: Агар раванди тозакунии оҳаксанг анҷом нашуда бошад, шумо бояд ин амалро ҳар чӣ зудтар
такроран иҷро намоед.

Рамзҳои хато

Дар рӯйхати зерин шумо метавонед рамзҳои хатоҳоеро ёбед, ки метавонед онҳоро худатон ислоҳ
намоед. Дастурҳои видеоӣ дар 

www.saeco.com/care

 дастрасанд. Агар ягон рамзи хатои дигар пайдо

шавад, бо Маркази хизматрасонии истеъмолкунандагон дар кишвари худ дар тамос шавед. Барои
тафсилоти тамос, ба варақчаи кафолат нигаред.

instruccionespdf.com
¿Tiene más preguntas?

¿No ha encontrado la solución a su problema en el manual o tiene otros problemas? Haga su pregunta en el siguiente formulario con una descripción detallada de su situación para que otras personas y expertos puedan responderla. Si sabe cómo resolver el problema de otra persona, ayúdele :)

Hacer una pregunta